Мақомоти Эрон гуфтанд, сабабҳои “ҳодиса”-и Натанзро фаҳмиданд

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон хабар дод, ки сабабҳои “ҳодисае” дар муассисаи ҳастаии Натанз мушаххас шудааст.

Кайвон Хусравӣ, сухангӯи шӯро, 3-юми июл гуфт, ба далоили амниятӣ сабаби “ҳодиса” ва ҷузъиёти он ҳоло эълом намешавад. Аммо, ба қавли ӯ, “дар як замони муносиб дар ин бора маълумот дода хоҳад шуд”.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи идораи энержии ҳастаии Эрон, гуфтааст, “ҳодиса” дар фазои кушод рух додааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ин рӯйдод олудагӣ эҷод накарда ва талафоти ҷонӣ надошт, хисороти моливу моддӣ ба бор овардааст.

Бузургтарин муассисаи ҳастаии Эрон дар шаҳри Натанз аст, ки аз Теҳрон 250 километр фосила дорад. Ин муассиса ба хотири ҳифозат аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар зери замин сохта шудааст.