Кай ва аз куҷо? Ҷадвали 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон барои баргардондани муҳоҷирон аз Русия 13 парвози дигари чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳоро тартиб додаанд, вале мегӯянд, парвозҳо баъди ба даст омадани ризояти Маскав анҷом хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба ҷадвали парвозҳои иловагӣ ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" бояд 4-уми июл муҳоҷиронро аз Маскав ба Душанбе биорад.

Пештар барои овардани муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳашт парвози ғайринақшавӣ ташкил карда буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи шанбе гуфт, шумори талабгорони бозгашт ба ватан "ниҳоят зиёд аст" ва ба ин далел парвозҳои иловагиро ба нақша гирифтанд. Ба иттилои манбаъ, бартарӣ ба қишрҳои осебпазир, "пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад".

Вазорат мегӯяд, муваққатан номнавис кардани шаҳрвандон дар бинои сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шудааст. "Қабули аризаҳо ба воситаи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад", - гуфтанд дар вазорат.

Бархе аз муҳоҷирон раванди бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро "беназм" гуфтанд. Онҳо шикоят доранд, ки ба парвозҳои чартерӣ на афроди дармондаву пиру бемор, балки ба иддаои онҳо бештар ҷавонону шахсони солим роҳ меёбанд. Иддаое, ки мақомот бо он розӣ нестанд.

Ҷадвали пешниҳодии Тоҷикистон барои парвозҳои иловагӣ аз Русия:

  • 3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Хуҷанд, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.