Конститутсияи навшудаи Русия, ки дар қатори дигар тағйирот ҳеҷ шудани мӯҳлати президентии Владимир Путин ва роҳи ӯ ба ду интихоботи дигарро боз мекунад, рӯзи 4 июл ба иҷро медарояд. Дар ин замина рӯзи 3 июл қарори нави Путин имзо шуд. Қабл аз ин Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия натиҷаҳои ниҳоии референдумро бар асоси протоколи ниҳоӣ тасдиқ кард. Зери протокол ҳама аъзои комиссиюни интихоботӣ якдилона имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ҳузури раъйдиҳандагон дар овоздиҳии 25 июн то 1 июл 68 дарсадро ташкил додааст.
Дар протоколи расмӣ омадааст, ки аз ин ҳисоб наздики 78 дарсад гуфтаанд, ки тарафдори тағйироти конститутсионӣ ва беш аз 21 дарсад мухолиф мебошанд. Бархе аъзои комиссиюн дар ҷаласа гуфтанд, ки дар овоздиҳӣ “амалҳои таҳрикомез” ва талошҳои беобрӯ кардани ин маърака дида шуд, вале ин талошҳо “бенатиҷа анҷомид”. Аъзои комиссиюни интихоботӣ таъкид мекунанд, ки овоздиҳӣ одилона баргузор шуд ва раиси он Элла Памфилова гуфт, ки қонуншиканиҳо “хеле кам буд”.
Вале нозирони бетараф ва созмонҳои мухолифон назари дигар доранд ва мегӯянд, ки овоздиҳӣ бо қонуншиканиҳову тақаллуб ба ҳамроҳ гузашт.