RT аз Навалний, Собол ва Znak.com 500 ҳазор рубл талаб кард

Любов Собол, ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо фасоди Алейсей Навлний

Шабакаи телевизионии RT ба додгоҳ муроҷиат карда хостааст, ки Алексей Навалний, Любов Собол ва вебсайти Znak.com барои нашри гузориш ва видео дар бораи дурӯғин будани омори маҳбубияти барномаҳои ин телевизион дар шабакаи YouTube дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл ҷуброн пардохт кунанд. Дар ин бора Znak.com бо такя ба аризаи RT хабар додааст. Шабакаи RT аз ин се ҷониб талаб кардааст, ки қарори додгоҳ дар бораи ғйривоқеӣ будани иттилоъро чоп карда, нашри видео дар саросари Русия манъ шавад.

Аз ҷумла, даъвогар хостааст, ки ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо фасод Любов Собол иддаояш дар бораи ин ки сардабири RT Маргарита Симонян “ҳама, аз ҷумла раҳбараш Владимир Путинро фиреб мекунад”, “ин шабакаро касе тамошо намекунад”, RT аз роҳҳои фаннии тақаллубӣ омори бинандаҳоро боло мебаранд ва “буҷаи ҳангуфт ба киса мераванд”-ро рад карда матнашро нашр кунад.

Дар маҷмӯъ шабакаи RT талаб дорад, ки 12 изҳороти Собол, 13 изҳороти сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ва муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алейсей Навалний ва се гузориши Znak.com дар бораи суханрониҳои Собол, аз ҷумла номи матлаб рад карда шавад. Мояи норизоияти шабакаи телевизионӣ таҳқиқоти видеоии Навальный LIVE аз моҳи апрел будааст. Рӯзи 7 июн шабакаи RT ба додгоҳ шикоят кард ва қарор аст 15 сентябр дар додгоҳи ҳакамии Маскав ҷаласаи аввал баргузор шавад.