Гуруҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷ дар як маъракаи хайриявӣ ба беморхонаи ин ноҳия нақлиёти "Ёрии таъҷилӣ" ва либосҳои муҳофизатӣ тақдим кардаанд.
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва аз созмондиҳандагони иқдом ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз зодагони ноҳияи Ванҷ даъват карданд, то ба беморхонаи ин ноҳия кӯмак кунанд.
Ба таъкиди Сулаймонӣ, дар як муддати кутоҳ ин иқдом ҳамовозии зиёд пайдо кард ва онҳо аз моҳи май то имрӯз ба беморхона ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Ванҷ бештар аз 100 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд.
Созмондиҳандагони ин иқдом гуфтанд, бо ин маблағ онҳо барои беморхонаи ноҳияи Ванҷ "Ёрии таъҷилӣ" ва доруҳои зарурӣ барои табобати коронавирус дастрас карданд.
Ин ягона иқдоми кӯмаки шаҳрвандон ба беморхона дар давраи пандемияи коронавирус нест. Қаблан дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе низ ихтиёриён ба беморхона кӯмак карданд.
Дар шароите, ки шикоятҳо аз камбуди маводи лозим дар беморхона зиёд садо медиҳад, кӯмаки мардум хеле зарурӣ гуфта мешавад.