Ҷаласаи мақомоти иктишофии ИМА дар робита бо подошҳои пулии Русия ба Толибон

Раиси Оҷонсии марказии истихборот Ҷина Ҳаспел

Қонунгузорони ҳарду ҳизби сиёсии ИМА қарор аст рӯзи 2 июл назари мақомоти иктишофӣ дар робита бо иттиҳоми Русия дар маблағгузорӣ кардани Толибонро барои куштори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон бишнаванд. Ин ҷаласа дар пасманзари даъватҳои тоза барои таҳримҳои нав алайҳи Русия баргузор мешавад. Дар миёни мақомоти иктишофӣ, ки бо қонунгузорон дар як ҷаласаи махфӣ сӯҳбат мекунанд, раиси Оҷонсии марказии истихборот Ҷина Ҳаспел ва раиси иктишофи миллӣ Ҷон Ратклифф мебошанд. Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 1 июл батакрор гуфт, ки ӯро дар бораи эҳтимоли аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шудани Толибон бо ҳадафи куштори низомиёни амрикоӣ хабардор накарданд, чун, ба гуфтааш, бисёр мақомоти иктишофӣ дар дурустии ин хабар шубҳа карданд. Дар ҳамин ҳол демократҳо пойфишорӣ доранд, ки дар сурати тасдиқи дурустии хабар Русия бояд таҳрим шавад. Аввал шуда дар бораи хабари пул додани Русия ба Толибонро ҳафтаи гузашта нашрияи New York Times гузориш дод. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Роберт О’Браян ба хабарнигорон ваъда дод, ки агар ин иттиҳом рост барояд, президент “иқдоми шадид хоҳад гирифт”. Русия ва Толибон вуҷуди ҳама гуна подоши молӣ барои куштори нирӯҳои амрикоиро рад кардаанд