12 сенатори амрикоӣ аз ҳукумат хостанд Бузургмеҳр Ёров ва Далер Шарифовро озод кунад

Бузургмеҳр Ёров.

Гурӯҳе аз аъзои Сенати Амрико бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори раҳоии зиндониёне шуданд, ки барои баёни андешаҳои озод маҳкум шудаанд.

Дар ин нома, ки рӯзи 29-уми июн бо имзои 12 узви Сенат ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон фиристода шуд, гуфта мешавад, ки афрод набояд барои баёни андешаи озод ҳабс шаванд. Онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардаанд, ки бидуни ҳеҷ пешшарт, ин афродро аз зиндон озод кунанд.

Дар нома аз ҷумла ишора шудааст, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ хатари гирифтории зиндониён ба ин беморӣ зиёд аст ва дар бархе кишварҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии бештари COVID-19, шуморе аз зиндониёнро раҳо карданд.

Сенаторони Амрико ба қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ ишора кардаанд, ки бо чанд иттиҳом ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст. Дар нома гуфта мешавад, ки тибқи гузоришҳои дарёфтӣ, Ёров дар зиндон табаш баланд шуда ва хадамоти дурусти тиббӣ дарёфт накардааст. Ҳарчанд Ёров аз беморӣ шифо ёфт, аммо тибқи бархе гузоришҳо, шуморе аз зиндониён бар асари COVID-19 фавтида ва бархе дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои "таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент" 5 соли дигар изофа кард. Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ иттиҳомҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ёров ва наздиконаш пештар гуфтаанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ буд. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ва пеш аз боздошт аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард.

Дар номаи аъзои Сенати Амрико ҳамчунин ба қазияи журналист Далер Шарифов низ ишора шудаааст, ки дар бораи ҳуқуқи башар ва озодиҳои динӣ матлабҳо нашр мекард. Сенаторони амрикоӣ аз ҳукумат хостанд, ки Шарифовро ҳам аз зиндон озод кунад.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел Шарифовро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард. Иттиҳоме, ки Далер Шарифов ва наздиконаш онро қабул надоранд.