Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1 июл гуфт, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар ин кишвар сар аз 5 июли соли равон ду ҳафта карантин эълом шавад.
"Ҳукумати нақшаи ҷорӣ кардани карантин ба муҳлати 14 рӯзро пешниҳод кардааст. Эҳтимоли тамдид вуҷуд дорад. Вазири тандурустӣ пагоҳ баъди ҷаласа масъаларо шарҳ хоҳад дод", - навишт Қосимҷомарт Тоқаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Тоқаев ду рӯз пеш ба аъзои ҳукумат дастур дода буд, ки дар давоми ду рӯз нақшаи ҷорӣ кардани карантини шадидро пешниҳод кунанд. Фикри ҷорӣ кардани карантини сахт баъди он ба миён омад, ки бемории коронавирус пас аз бекор шудани маҳдудиятҳо дубора авҷ гирифт. Ба гуфтаи Тоқаев, баъди бекоршавии карантин шумори мубталоён 7 баробар зиёд шудааст.
Вазири нави тандурустии Қазоқистон Алексей Сой пешниҳод кард, бо мақсади пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар саросари ин кишвар давоми чаҳор ҳафта чораҳои сахти карантинӣ ҷорӣ шавад.
Вазорати тандурустии Қазоқистон 1 июл хабар дод, ки 30 июн дар ин кишвар 1 ҳазору 604 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ошкор шудааст, ки аз ин миён танҳо 489 нафар нишонаҳои бемориро доранд. Боқӣ (1 115 кас) надоранд.
Бино ба иттилои расмӣ, шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар то 1 июл ба 41 065 расид. Ин рақам мубталоёни дорои нишонаҳои беморӣ ва бидуни нишонаро дар бармегирад.