Шурӯъ аз 1 июл Олмон масъулияти президентии шашмоҳаи Иттиҳоди Аврупоро ба дӯш мегирад ва ин ба замоне мувофиқ омад, ки дар созмони иборат аз 27 узв поинтарин нишондодҳои иқтисодӣ аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки аз мақомаш канор меравад, барои роҳандозии нақшаи наҷоти иқтисоди аз пандемияи коронавирус осебдидаи Иттиҳоди Аврупо ҳамчун бахши муҳими ниҳоии кораш муносибат мекунад. Меркел рӯзи 29 июн дар Берлин бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ кард ва ҳарду раҳбар барномаи муштараки барқарории иқтисод дар давраи коронавирусро пуштибонӣ карданд. Раҳбарони Олмону Фаронса ба талошҳои муштарак дар амри барқарор кардани иқтисод таъкид ва эътироф карданд, ки аз раҳбарии Олмон “умеди зиёд доранд”. Меркел ва Макрон нақшаи 500-миллиардевроии кӯмак ба Аврупоро дар давраи пандемия муаррифӣ карданд ва баъдан ин нақшаи пешниҳодӣ то 750 миллиард евро афзоиш дода шуд. Ҳадаф кӯмак ба кишварҳои шадидан осебдидаи мисли Итолиёву Испания мебошад. Қарор аст дар ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 17 ва 18-уми июл ин тарҳ мавриди баррасӣ қарор гирад. Меркел ба ризоияти кишварҳои узв умедвор аст.