Ҳудуди 30 зан рӯзи 30 июн дар эътироз ба камбуди дору дар давраи ҳамагир шудани коронавирус дар назди бинои шаҳрдории Нурсултони Қазоқистон ҷамъ шуда, мулоқот бо шаҳрдорро талаб карданд.
Яке аз занҳо бо номи Ойҷамол Сариева гуфт, натавонист ба шавҳараш, шахси дорои имконияти маҳдуд доруе харад, ки тасфашро поин барад.
"Дорухонаҳои воқеъ дар кӯчаҳои Алмато ва Сауранро гаштам, вале одитарин доруҳои поинбарандаи тасф - "Паратсетамол" ва "Аспирин"-ро пайдо накардам. Мақомот хабари дурӯғ медиҳанд. Мо ба назди шаҳрдор омадем, то ҳақиқатро талаб кунем. Онҳо медонистанд, ки карантин мешавад, чаро доруро захира накарданд?", - афзуд ҳасуҳбати мо.
Занони ҷамъшуда гуфтанд, дар давраи карантин даромадашон поин рафта, пулашон ба иҷораи манзил ва хариди маҳсулоти ғизоӣ намерасад. Онҳо аз шаҳрдор Алтай Кулгинов талаб карданд, ки ба наздашон барояд, вале ба назди эътирозгарон муовини шаҳрдор Нурлибек Женисбек баромад. Ӯ ному насаби ҷамъшудаҳоро навишта, ваъда дод, онҳоро ба рӯйхати шахсоне шомил хоҳад кард, ки шаҳрдор ба ҳузур мепазирад.
Вазири тандурустии Қазоқистон 30 май камчин будани дору дар кишварашро эътироф карда буд. Ӯ гуфт, яке аз иқдомҳои аввалини ҳукумат харидорӣ ва ворид кардани дору аст.