Ҳаҷми даромади будҷаи Тоҷикистонро 2 миллиард кам карданд

Вазорати молияи Тоҷикистон

Нақшаи даромади будҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 беш аз 2 миллиард сомонӣ кам карда шуд. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон рӯзи 30-юми июн пешниҳоди ҳукумат дар бораи коҳиши ҳаҷми будҷаро қабул кард.

Мувофиқи тарҳ нақшаи даромади будҷаи Тоҷикистон барои соли равон 2 миллираду 349 миллион сомонӣ кам карда шуд. То ин тағйирот ҳаҷми даромади будҷаи Тоҷикистон 26 миллиард сомонӣ буд.

Ҳамин гуна мувофиқи тағйироти охир қисмати хароҷоти будҷа низ 1 милларду 822 миллион сомонӣ коҳиш ёфт. Аз ҷумла давлат маблағгузории тарҳои сармоягузориро аз ҳисоби қарзу грантҳо 977 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби идораҳои давлатӣ 81 миллион сомонӣ коҳиш дод.

Бар асоси тағйироти тоза ба қонуни будҷа, барои пардохти маоши изофӣ ба пизишконе, ки бо короновирус мубориза мебаранд ва сармоягузории сохтмони неругоҳи Роғун1,9 миллирд сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Бо вуҷуди тағйироти охир ва кам кардани нақшаи даромад касри будҷа ва ё камомади маблағ 3,1 миллиард сомонӣ аст. Вазорати молияи Тоҷикистон умедвор аст, ки як қисмат аз камомади будҷаро аз ҳисоби қарзу гарнтҳои созмонҳои байналмилалии молӣ рӯйпуш мекунад.