Наздики 100 тан аз коргарони корхонаи автомобилии Самарқанди Узбекистон ("СамАвто") баъди он ба карантини 14-рӯзи гирифта шуданд, ки ду тан аз коргарони ин корхона ба коронавирус гирифтор шуданд.
Коргарон мегӯянд, корфармо аз тарси ба карантин гирифта шудани корхона шумори воқеии гирифторони вируси коронара дар "СамАвто" ошкор намекунад.
Як коргари "СамАвто" гуфт, нахустин ҳамкори онҳо ду ҳафта пеш ба коронавирус мубтало шуда буд, дувумӣ 22 июн. Ба гуфтаи ин коргар, эҳтимол дорад, ин ду тан дигаронро ҳам гирифтор карда бошанд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти "СамАвто" эълом кард, ки баъди ошкоршавии ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар корхона, коргарон дигар шабонарӯз дар коргоҳ нигаҳдорӣ намешаванд, вале "СамАвто" фаъолияташро идома медиҳад.