Дуда дар даври дуюми интихобот барои курсии президентӣ рақобат мекунад

Анджей Дуда бар пояи экзитпол 42% овозҳоро дар даври аввали интихобот ба даст овард

Натиҷаҳои экзитпол бар пояи даври аввали интихоботи президентӣ дар Полша баёнгари он аст, ки президенти амалкунанда Анджей Дуда аз пуштибонии 42 дарсади мардум бархӯрдор аст. Даври дуюми овоздиҳӣ 12 июл аст ва дар ин давра ӯ бо номзади созмони мухолифини “Эътилофи шаҳрвандӣ” Рафал Тшасковский рақобат хоҳад кард. Тшасковский дар даври аввал 30,5% овоз гирифт. Баъди даври аввали овоздиҳии рӯзи якшанбе, дар ҷои сеюм журналист, нависанда ва барандаи ТВ Шимон Головня қарор гирифт, ки 13% ба даст овардааст.

Ҳашт номзади боқимонда овози камтарин гирифтанд. Экзитполро ширкати Ipsos анҷом додааст.

Дар даври аввали интихобот рӯзи 28 июн 63% раъйдиҳандагон иштирок карданд, ки дар таърихи интихоботҳои даҳсолаҳои ахири Полша нишондоди баландтарин будааст.