Дар як ҳамла ба биржае дар Карочи, ки як маркази муҳими молии Покистон ба ҳисоб меравад, чаҳор ҷангҷӯ кушта шуданд. Полис инчунин гуфт, ки ҳамлагарони мусаллаҳ нахуст мошини худро ба даромадгоҳи биржа наздик карда, норинҷакро тарконданд ва баъдан ба дохили бино бо тирандозии бебандубор ҳамла намуданд. Раиси полис Ғуломнабӣ Мемон гуфт, ки “чаҳор ҳамлагар кушта шуданд” ва полис гуфт, ки аз дасти ҳамлагарон ду муҳофиз ва як афсари полис кушта шуданд. Ҳоло вазъият таҳти назорат аст ва кормандони биржа осебе надиданд. Биржаи Карочи дар кӯчаи марказии тиҷоратӣ дар паҳлӯи Бонки давлатии Покистон ва дигар сохторҳои байналмилалии молӣ ҷойгир аст.