Президент Трамп зимни сафар ба Висконсин гуфт, иқтисоди ИМА соли оянда қавӣ мешавад

Доналд Трамп дар Висконсин. Акс аз соли 2017

Президенти ИМА Доналд Трамп зимни боздид аз як корхонаи киштисозӣ дар Висконсин рӯзи 25 июн дар бораи беҳтар шудани вазъи иқтисод ва мубориза бо бекорӣ баъди чанд моҳи пандемия сӯҳбат кард. Соли 2016 Трамп дар интихобот раъйи Висконсинро басахтӣ ба даст оварда буд ва ба гуфтаи таҳлилгарон 3 ноябри имсол ҳам айни ҳамин ҳолат такрор хоҳад шуд. Ба ҳар сурат, бар асоси пурсиши ахири афкори умум, дар Висконсин аз назари маҳбубият Трамп баъди номзади демократҳо Ҷо Байден қарор дорад. Трамп аз корхонаи киштисозӣ дидан кард, ки ахиран як созишномаи 5,5-миллиарддоллариро барои сохтани киштиҳои ҷангии модели навтарин бурдааст. Трамп корхонаи киштисозиро “як ҳавлии аҷиб” номид ва гуфт, ин макон бояд мавриди ифтихори онҳо бошад ва пешбинӣ кард, ки иқтисоди ИМА ба вазъияти пеш аз пандемия бармегардад. Ӯ гуфт, иқтисоди ИМА “дубора ба сатҳе бармегардад, ки ҳеҷ кас тасаввур намекард” ва “соли оянда яке аз солҳои беҳтарин хоҳад буд”. Байден, ки дар Пенсилвания маъракаи интихоботии худро барпо мекард, гуфт, ки “ҳеҷ мӯъҷизае намешавад” ва тарзи бархӯрди Трамп дар муқобили пандемияро интиқод кард. Ӯ гуфт, президент ин воқеиятро дарк намекунад, ки барои ислоҳи иқтисод кишвар бояд назорати вирусро таъмин мекард.