Маҷлиси намояндагони ИМА рӯзи 25 июн тарҳи қонуни бо ташаббуси демократҳо таҳияшуда дар бораи ислоҳоти полисро ба Сенат фиристод - зарурат ба ин қонунро бисёриҳо баъди аз дасти афсари полис кушта шудани як амрикоии африқоитабор талаб мекарданд. Баъди як овоздиҳии пурбаҳсу эҳсос дар заминаи куштори Ҷорҷ Флайд дар моҳи май маҷлиси намояндагон бо тарафдории 236 ва мухолифати 181 вакил тарҳро қабул кард. Тарафдорони қонун мегуфтанд, ки он бояд ҷавобгӯи норизоияти ҷамъиятӣ аз куштори Флайд бошад, ки дар як ҳодисаи боздошт гарданаш беш аз 8 дақиқа зери зонуи ходими полиси Миннесота пахш шуда сабаби маргаш гардид. Ҳамакнун тарҳи тасдиқшуда ба Сенат меравад, ки он ҷо ҳанӯз рӯзи 24 июн як талоши узви ҷумҳурихоҳҳо барои барпо кардани ислоҳоти полис шунида нашуд. Раиси маҷлис Ненси Пелоси гуфт, ки Сенат метавонад аз ду якеро интихоб кунад, ки ба марги Флойд арҷгузорӣ бикунад ваё ҳеҷ коре анҷом надиҳад. Вале яке аз раҳбарони аксарият дар Сенат Митч МакКонелл гуфт, тарҳи демократҳо ризоияти Сенатро, ки дар он аксарият ҷумҳурихоҳо ҳастанд, дарёфт намекунад. Баъди куштори Флойд рӯзи 25 май дар ҷомеаи ИМА аз шеваи кори полис ва вуҷуди нажодпарастӣ эътирозҳо бархост ва як муддат баъд як амрикоии африқоитабори дигар Райшард Брукс ҳам аз тири туфанги полиси Атланта ҷон дод. Дар посух Конгресс аз паи тадбирҳо дар самти ислоҳоти полис шуд ва пурсишҳои афкори умум дар ИМА нишон дод, ки ҷомеаи ин кишвар хостори тағйироти ҷиддӣ мебошад.