Додгоҳ дар Қрими  таҳти назари Русия мурофиаи пешакии Ҷемилевро ба таъхир гузошт

Мустафо Ҷемилев. Киев, соли 2019

Додгоҳе дар ниҷазираи Қрими таҳти контроли Русия мурофиаи пешакии пешвои тоторҳои Қримро дар ғайбаш ба таъхир гузошт. Мустафо Ҷемилов як дигарандеши даврони шӯравӣ ва мухолифи сарсахти ишғоли нимҷазираи Украина дар соли 2014 мебошад. Никола Полозов, вакили дифои Ҷемилев гуфт, додгоҳ бояд рӯзи 25 июн дар шаҳри Армянск шурӯъ мешуд, вале бо сабаби ин ки на айбдоршаванда ва тими ҳимоятгари ӯ аз додситонӣ дар бораи иттиҳомоти зидди Ҷемилев ҳеҷ санади расмӣ дарёфт накардаанд, мурофиа ба 9 июл таъин шуд. Кумитаи тафтишоти Русия моҳи апрел гуфт, ки дар нисбати Ҷемилеви 76-сола бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марзи Русия, нигаҳдории беэҳтиёти силоҳ, ки паёмадҳои ҷиддӣ доштааст ва ҳам нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” парванда боз шудааст. Намояндаи президенти Украина дар Қрим ин парвандаро маҳкум ва онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Ҷемилев раҳбарии Маҷлиси тоторҳои Қримро ба ӯҳда дорад, ки як созмони муттаҳидкунандаи ин мардум аст, вале фаъолияти онро Маскав манъ кардааст.