54 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

Рӯзи 23-юми июн шумораи гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба 5567 нафар расид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта коронавирус ба 54 кас сироят кардааст. 4109 ё беш аз 73 дар сади нафар шифо ёфта, 52 нафар фавтидаанд. Дар феҳрасти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 14-уми июн номи 437 нафарро навиштаанд. Ба феҳраст дар нӯҳ рӯзи ахир ҳеч ном ворид нашудааст.

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед