Додситон 22 июн дар мурофиаи додгоҳии марбут ба ҳаводиси Кой-Тоши Қирғизистон айбномаи вакили порлумон Асел Кодуранова, вакили пешини порлумон Мээрбек Мискенбоев, корманди пешини амният Канат Сагимбоев ва мушовири пешини президент Кундуз Ҷолдубоеваро қироат кард.
Гумонбарон дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ, гаравгонгирӣ, ташкили бетартибии оммавӣ ва ҷиноятҳои вазнини дигар айбдор шуданд.
Кундуз Ҷолдубоева айбномаро "сафсата" номид. Пештар изҳороти Канат Сагимбоев нашр шуд, ки гуфт, ба ӯ пешниҳод кардаанд, дар сурати ҳамкорӣ бо муфаттишон банди парвандаашро иваз мекунанд. Вале ӯ пешниҳодро рад карда, гуфтааст, президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро "намефурӯшад".
Рӯзҳои 7-8 августи соли 2019 дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст. Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро ҳам дастгир карданд.