Путин: "Ҷумҳуриҳои собиқ СССР заминҳои зиёди Русияро соҳиб шудаанд"

Президенти Русия Владимир Путин дар барномаи "Маскав. Путин. Кремл", ки рӯзи якшанбе дар шабакаи телевизионии "Россия 1" пахш шуд, гуфт, ҳангоми таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре аз ҷумҳуриҳои шомилшуда "заминҳои зиёд" ва "ҳудудҳои таърихиву суннатии Русияро соҳиб шуданд".

Вале ба назари президенти Русия, ин ҷумҳуриҳо бояд аз ҳайати иттиҳод "бо чизе омада буданд бо ҳамон берун мешуданд" ва лозим набуд "туҳфаи мардуми рус"-ро бо худ баранд.

Путин дақиқ нагуфт, ки кадом ҷумҳуриҳо ва заминҳоро дар назар дорад ва танҳо изҳор дошт, ки "ҳангоми таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ ҳуқуқи берун рафтан аз он зикр шуда, расмиёти он қайд нашуда буд".

Ӯ дар ин суханронии худ бори дигар гуфт, ки пайвастани Қрим ба ҳайати Русия "интихоби демократии сокинони нимҷазира буд". "Қрим ҳамеша аз мо буд, ҳатто аз нигоҳи ҳуқуқӣ", - афзуд Путин.