Шӯрои ҳуккоми Оҷонси энержии атомии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи нав аз Теҳрон хостааст, ба муфаттишон иҷоза диҳад, ки аз ду маркази ҳастаиаш дидан кунанд, то равшан шавад, Эрон дар оғози солҳои 2000-ум фаъолиятҳои ҳастаии пинҳонӣ доштааст, ё не.
Брайан Ҳук, намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар умури Эрон, онро муҳим донист. Вай рӯзи 19-уми июн гуфт, Теҳрон ҳанӯз ҳозир нашудааст, ба пурсишҳо дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаии пешинааш посух диҳад. Ба қавли ҳук, Теҳрон як сол инҷониб ба бозрасони Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ иҷозаи боздид аз таъсисоти ҳастаишро намедиҳад ва ин нигаронкунанда аст.
Брайан Ҳук дар нишасти хабарӣ афзуд, агар Эрон чизеро пинҳон намекунад, набояд монеи рафтани бозрасон шавад.
Қатъномаро Фаронсаву Олмон ва Бритониё пешниҳод карданд ва он бо 25 раъйи мувофиқ қабул шуд. Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонӣ кард, Ҳинду Покистон ва Озарбойҷон раъй надоданд ва Русияву Чин мухолиф баромаданд.
Мақомоти Эрон гуфтаанд, тасвиби чунин қатънома мумкин аст ба муносибати Эрону Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ халал расонад.
Эрон ҳамвора гуфтааст, барномаи ҳастаиаш мақсади сулҳомез дорад, аммо Иёлоти Муттаҳида шак дорад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, дар соли 2018 аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон берун шуд ва ба зидди Теҳрон таҳримҳои сахттар ҷорӣ кард. Ин тавофуқномаро соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо карда буданд.