Тоҷикистон барои тоза кардани гандум аз Афғонистон дастгоҳ харид

Афғонистон ин дастгоҳҳоро ба Тоҷикистон содирот кард. 18-уми июни 2020

Як ширкати саноатӣ дар шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳори Афғонистон ба Тоҷикистон 12 дастгоҳи поксозии гандум содирот кард. Дастгоҳҳоро ширкати "Ҷовид" истеҳсол намудааст.

Муҷиби Маликзода, атташеи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати афғонистонӣ аз Ҷалолобод ба ширкати "Куруш 2010" дар Тоҷикистон 12 дастгоҳи поксозии гандум фурӯхтааст ва ин таҷҳизот ба Тоҷикистон оварда шуд.

"Нархи ҳар яке аз ин дастгоҳҳои гандумтозанкунӣ 200 ҳазор афғонӣ (муодили 2600 доллар) аст", -- иброз дошт ӯ. Маликзода афзуд, интизор меравад, дар оянда ҳам чунин дастгоҳҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон содирот шавад.

Гуфта мешавад, бинобар осон будани истифода ва нархи нисбатан арзони дастгоҳҳо интихоби ширкати тоҷикистонӣ ба маҳсулоти ин ширкати афғонистонӣ афтодааст.

Муҷиби Маликзода

Маликзода гуфт, моҳи октбяри соли 2019 дидору мулоқоти соҳибкорони тоҷику афғон доир шуда буд ва "дар ин нишаст тавофуқ ҳосил шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар Афғонистон нуқтаҳои таъмири техникаи кишоварзӣ таъсис дода шавад".

Ба қавли масъули сафорат, миёни ду кишвар гузаргоҳи гумрукӣ барои мошинҳои борбар ва ронандагони он кушодааст ва табодули молу коло миёни ду кишвар идома дорад.

Содирот шудани дастгоҳҳои поксозии гандум аз Афғонистоне, ки ҳудуди 40 сол боз дар шароити ҷанг ба сар мебарад ва амният надорад, дар миёни корбарони афғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ситоиш шуда, зиёд бознашр гардидааст.

Ин хабар барои бисёриҳо дар худи Афғонистон ҳам ногаҳонӣ ва ғайриодӣ будааст, то ҳадде ки вақте бори нахуст як масъули ин корхона хабарро дар саҳифааш нашр кард, бисёриҳо бовар накардаанд. Ва ӯ барои тасдиқ чанд аксе нашр кард, ки ин дастгоҳҳо ба як мошини боркаш бор карда шуданд ва омодаи содирот ба Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳарчанд тавлид ва содироти чунин дастгоҳҳои начандон нодир барои кишварҳои дигар як кори маъмулист, ин хабар дар расонаҳои дохилии Афғонистон ба таври густарда бозтоб шуд ва расонаҳое чун “8 субҳ”-и Кобул, “Тулуъ” ва “Шабакаи 1”-и ин кишвар онро бозтоб доданд.

Тоҷикистон аз миёни ҳамсоякишварҳояш бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва мувофиқи омори соли охир ба ин кишвар баробар бо беш аз 97 миллион доллар молу маҳсулот содир кардааст. Тоҷикистон ба Афғонистон асосан барқ ва семент мефурӯшад.

Афғонистон бинобар мавқеи ҷуғрофӣ барои Тоҷикистон масири муҳими тарнзитӣ аст, вале бинобар набудани амният истифода аз ин роҳ хеле маҳдуд аст. Бо ин вуҷуд, маҳз тавассути хоки Афғонистон ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла картошка, мандарин аз Покистон ва анор аз худи ин кишвар ворид мешавад.