Шумори ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн ба 51 нафар расид. Мақомот гуфтанд, дар се рӯзи охир як мавриди марг аз бемории ҳамагирро сабт карданд. Дар феҳрасти алтернативӣ номи беш аз чаҳорсад қурбонии эҳтимолии коронавирус ва илтиҳоби шушро навиштаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта 61 мавриди гирифтории сокинон ба коронавирус тасдиқ шудааст. Шумори умумии беморон то 17-уми июн ба 5221 нафар баробар шуд. Ба иттилои расмӣ, 3700 кас ё 70.8 дарсади беморон шифо ёфтаанд.
Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед