Маскав гуфт, ҳавопаймоҳои амрикоӣ бобмафканҳои Русияро дар назди Аляска ошкор карданд

Гулӯгоҳи Беринг дар харита

Маскав гуфт, ки ҳавопаймоҳои нирӯҳои ҳавоии ИМА ҳангоми назорати ҳарими ҳавоии наздик ба гулӯгоҳи Беринг, ки нимҷазираи Чукоткаи Русияро аз аёлати Аляска ҷудо мекунад, чор ҳавопаймои русиро ошкор карданд, ки тавони интиқоли бомбаҳои ҳастаиро қодир ҳастанд. Вазорати дифои Русия рӯзи 17 июн гуфт, ки ИМА ҳавопаймоҳои навъи F-22 дар наздикиҳои Чукотка чаҳор ҳавопаймои русии ТУ-95МС-ро, ки дар обҳои бетараф дар атрофи Чукотка, Беринг ва баҳри Охотск буданд, ошкор ва онҳоро аз боло ҳамроҳӣ карданд.

"Дар марҳилаҳои муайяни парвоз, ҳавопаймоҳои нирӯҳои ҳавоии навъи F-22 ҳавопаймоҳои русиро ҳамроҳӣ мекарданд" - гуфт вазорат ва илова кард, ки парвози патрулӣ тақрибан 11 соат давом кард.

Рӯзи 10 июн фармондеҳии дифои ҳавоии ИМА гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳавопаймо ва бомбгузорони Русияро ду маротиба дар соҳили Аляска ошкор карданд. Як моҳ пеш нирӯҳои баҳрии ИМА гуфтанд, ки ду ҳавопаймои Су-35-и Русия ҳангоми парвози ноамн ва бо шеваи ғайрикасбӣ ошкор шуданд ва ҳавопаймои баҳрии P-8A онҳоро аз рӯи обҳои байналмилалӣ дар баҳри Миёназамин ҳамроҳӣ карданд.