Се муовини вазири тандурустиро барканор карданд

Саида Умарзода

Се муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз мақомҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора 15-уми июн қарори ҳукумати Тоҷикистон содир гардид.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, Саида Умарзода аз вазифаи муовини аввал, Азиз Одиназода ва Мирҳомуддин Камолзода аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ озод шуданд. Сабаби барканории Саида Умарзода "ба нафақа баромадан" ва аз Азиз Одиназода ва Мирҳомуддин Камолзода "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст.

Бо қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, Ғафур Муҳсинзода ба вазифаи муовини аввал, Самариддин Ализода ва Зулфия Абдусаматзода ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ таъин шуданд.

Барканории муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳолест, ки дар авоили моҳи май ва дар авҷи паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон вазири тандурустӣ Олим Насимзода аз мақомаш барканор шуд. Дар фармон сабаби озод кардани ӯ ба мансаби дигар гузаштанаш гуфта шуда буд, вале бо гузашти ҳудуди якуним моҳ, ҳанӯз мақоми нави ӯро эълон накарданд.

Ин дар ҳолест, ки он шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти Вазорати тандурустиро зери раҳбарии Олим Насимзода барои таъхир дар эътирофи мавҷудияти коронавирус ва "амалкардҳои суст" дар муқобила бо бемории COVID-19 танқид карданд.

Рӯзи душанбе дар чанде аз ниҳодҳои дигари давлатии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бинобар он, Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва Сайрам Бақозода аз мақомҳои муовини аввал ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.

Сабаби барканории онҳо "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст. Ба ҷойи онҳо Субҳиддин Шамсиддинзода муовини аввал ва Дилафрӯз Рустамзода муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шуданд.

Бо қарори дигар ҳукумат Саиднахш Раҳмонзода муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд.

Мухолифон ҳамвора тағйироти кадриро дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон танқид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин тағйирот асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки аз ин курсӣ ба он курсӣ кӯчиданашон чизеро тағйир намедиҳад.