Баррасии 111 парванда дар 30 дақиқа

Деҳае дар Тотористон дар давраи пандемияи коронавирус. 8 маи соли 2020

Як таҳқиқоти муштараки журналистӣ собит кард, ки дар ҷумҳурии Тотористон муовини раиси додгоҳи Набережние Челни Ленор Хасимов рӯзи 27 май 252 протоколи нақзи “режими хонашинӣ”-ро баррасӣ карда, барои ҳар як парванда седақиқагӣ сарф кардааст. Таҳқиқоти нашрияҳои "Холод" ва "Важные истории" мегӯяд, 111 протоколро Хасимов дар 30 дақиқа баррасӣ карда, барои ҳар яки онҳо 16-сониягӣ сарф кардааст.

Муаллифони ин таҳқиқоти журналистӣ мегӯянд, ки додрасҳо на танҳо садҳо протоколи марбут ба нақзи режими хонашиниро дар як рӯз муҳокима мекарданд, балки танҳо бо ивази номи гунаҳгоршудаҳо қарори додгоҳро нусхабардорӣ мекарданд. Масалан, дар Уфа додрас Тимур Баҳоуддинов 90 қарор содир кардааст, ки ҳамааш калима ба калима нусхабардорӣ шудаанд.
Дар бархе минтақаҳо дар нисбати нақзи муқаррароти хонашинӣ додрасҳо қарорҳои сангинтар содир кардаанд. Таҳқиқот мегӯяд, ки моҳҳои апрелу май ВКД ба додгоҳҳо 360 ҳазор протоколи нақзи қоидаи хонашиниро ирсол кардааст ва 54 ҳазор протоколи иловагиро дар нисбати сокинони Маскав содир кардааст. Хабарнигорон ҳисоб кардаанд, ки мақомот шаҳрвандони Русияро дар ҳаҷми 407 миллион рубл ҷарима баста дар оянда ин шумор имкон дорад то 637 миллион рубл афзоиш ёбад.