Хабаргузории давлатии «Ховар» хабар додааст, ки Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсидиқ, саркардаи як гурӯҳи кочоқбар дар задухӯрди шаби 13 ба 14-уми июн дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон кушта шудааст.
Ин хабаргузорӣ бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навиштааст, ки ин марди 35 солаи сокини вилояти Тахори Афғонистон як гурӯҳи кочоқбаронро раҳбарӣ мекардааст.
Тасдиқи дурустии ин маълумот аз манобеи мустақил дастрас нест.
Ин расонаи давлатӣ навиштааст, ки нафари дигаре, ки Ҳоҷӣ Абдухолиқро ҳамроҳӣ мекард, дар задухӯрд захмӣ шуд, вале ба Афғонистон фирор кард.
Аз макони ҳодиса мақомот, "як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи полиэтиленӣ бо 10 баста воситаи нашъадор дарёфт кардаанд",-навиштааст, "Ховар".
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба сӯи ду кочоқбар замоне тир кушоданд, ки даъвати таслим шуданро рад карданд.
Афғонистон бо Тоҷикистон беш аз 1400 километр марзи душворназорат дорад. Дар ин хати марз зуд-зуд задухурд сурат мегирад.