Сергей Лавров, вазири хориҷа ва Сергей Шойгу, вазири дифои Русия имрӯз, 14 июн ба Туркия сафар мекунанд.
Интизор меравад, ки онҳо бо мақомоти турк дар мавриди низоъ дар Либия, як кишвари африқоӣ сӯҳбат кунанд.
Туркия аз ҳукумати аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътирофшуда дар Либия ҳимоят мекунад. Русия аз нерӯҳои Халифа Ҳафтар, мухолифи ин ҳукумат пуштибонӣ дорад.
Пештар Владимир Путин, президенти Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раҳбари Туркия дар ин бора сӯҳбат карданд ва сафари ин ҳайат пас аз он сӯҳбат иттифоқ меафтад.
Мақомоти Туркия хабар доданд, ки дар ин сӯҳбат мавзуи Сурия низ баҳс хоҳад шуд.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон низ ба Истамбул сафар мекунад.
Либия, кишвари африқоӣ, ки мавзуи баҳси мақомоти Русия ва Туркия қарор хоҳад гирифт, аз соли 2011 то кунун ноором аст.