Сардори пулиси шаҳри Атлантаи Амрико пас аз эътирози сокинон дар ин шаҳр аз вазифаи худ истеъфо дод.
Эътирозгарон пас аз кушта шудани Рэйшард Брукси 27 солаи африқоитабор аз ҷониби пулис дар як тирандозӣ ба хиёбонҳо баромаданд.
Кейша Ленс Боттомс, шаҳрдори Атланта гуфт, истеъфои Эрика Шилдс, сардори пулисро қабул кард. Ӯ истифодаи зур ҳангоми боздошти гумонбаронро маҳкум кард.
Ин ҷавони африқоитабор дар ҳоле кушта шуд, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зидди нобаробарии нажодӣ эътироз давом дорад.
Ин эътирозҳо пас аз ҳалокати Ҷорҷ Флойд, марди африқоитабори дигар оғоз шуд. Ӯ рӯзи 25-уми май аз ҷониби пулис боздошт шуда буд. Дар навори боздошт дида мешуд, ки пулис бо зону гардани ӯро зер мекунад ва Ҷорҷ Флойд, дод мезанад, ки “нафас гирифта наметавонад”. Дар идораи пулис ӯ ҷон дод ва дар аксар шаҳрҳои Амрико сокинон бо нишони эътироз ба хиёбонҳо рехтанд.