Муфаттишон дар Ҷумҳурии Беларус мегӯянд, “далелҳои собите” доранд, ки нишон медиҳад, Виктор Баярка яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳур дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ даст дорад. Муфаттишони Кумитаи назорати молӣ дар ин бора як рӯз баъд аз боздошти 15 корманди “Белгазпромбанк” эълон доданд, ки Виктор Баярка як замон раиси он буд.
Иван Серселия раиси кумита рӯзи 12-уми июн гуфт, ки “тасаввур намекунам, ки ончӣ дар бонк рух дод, бе огаҳии раиси он сурат гирифта бошад.” Муфаттишон “Белгазпромбанк”-ро ба фирор аз пардохти молиёт ва пулшӯӣ муттаҳам мекунанд. Виктор Баярка, ки гуфтааст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи август ширкат мекунад, амалкарди мақомоти Беларусро истифода аз фишор дар остонаи интихобот номид ва гуфт, ки чунин коре нишон медиҳад, ки “раҳбарони феълӣ омодаанд, барои роҳ надодан ба интихоботи шаффофу одилона аз ҳар усуле истифода баранд.”
Ба қавли Баярка, ӯ то ҳоло барои сабти номаш дар интихобот 300 ҳазор имзо ҷамъ овардааст, ки бештар аз теъдоди лозим барои сабти номи довталаб ба мақоми раиси ҷумҳур аст. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, ки 25 сол аст, кишварашро раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, дар интихоботи оянда ширкат мекунад ва “аз касе ҳам наметарсад”. Ҳафтаҳои гузашта ҳазорон нафар ба ҳимоят аз номзадҳои эҳтимолии мухолифон ба мақоми раиси ҷумҳур дар шаҳрҳои гуногуни Беларус тазоҳурот карданд ва хашми Лукашенкоро барангехтанд.