Паноҳҷӯи тоҷикро баъди истирдод аз Австрия ба Душанбе 20 сол зиндонӣ кардаанд

Ҳизбуллоҳ Шовализода. Акс аз сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон

Ҳизбуллоҳ Шовализода, паноҳҷӯи 29-солаи тоҷикро, ки моҳи март аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд, ба 20 соли зиндон маҳкум кардаанд. Мурофиаи ӯ дар боздоштгоҳ гузашт. Мақомоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо далели махфӣ будани парванда тафсилот надоданд. Наздиконаш рӯзи 12-уми июн гуфтанд, дар бораи ҳукм телефонӣ хабар ёфтанд.

Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз истирдод ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена сипарӣ кард.

Ӯро моҳи март ба Тоҷикистон оварданд. Он замон Додситонии кулли Тоҷикистон Шовализодаро ба узвият дар ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ ва "хиёнат ба давлат" муттаҳам кард. Чизе, ки намояндагони ҲНИТ дар хориҷа рад намуданд.

Абдуллоҳ Шовализода, падари Ҳизбуллоҳ Шовализода, 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "муфаттиш рӯзи чаҳоршанбе занг зад ва аз ҳукми фарзандам хабардор кард. Гуфт, ӯро 20 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд."

Вай афзуд, ба мурофиаи писараш "даъват нашудааст" ва намедонад, ӯро расман ба чӣ гунаҳкор карданд: "Аз моҳи март, ки Ҳизбуллоҳ ба Тоҷикистон оварда шуд, фақат як дафъа бо ӯ дар боздоштгоҳи рақами 1 мулоқот кардам, тамом. Аз саломатиаш шикоят надошт. Дигар чизеро намедонем."

Қаблан гуруҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик дар шаҳри Вена аз мақомоти Австрия хостанд, шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод накунанд. Онҳо мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани яке аз ҳаммаслаконашон Ҳизбуллоҳ Шовализода ба Душанбе, мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа кунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи март гуфта буд, ба монанди Шовализода чаҳор нафарро ба кишвар овардаанд.

Моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯи тоҷик Мустафо Ҳаётовро ба кишвар фиристоданд. Ҳаётов узви фаъоли "Гурӯҳи 24" буд ва пас аз баргаштан дар видеое, ки маълум нест дар чӣ шароит забт шудааст, гуфт, вазъаш хуб мебошад.

Пас аз соли 2015 мақомоти Тоҷикистон номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои сиёсиро, ки фаъолияташон дар кишвар манъ шудааст, ба рӯйхати касони ҷустуҷӯшаванда дароварданд.