Кӯмаки ИА ва UNICEF ба 153 беморхонаи Тоҷикистон

13 май бахше аз кӯмакҳои дигари ИА ва созмони Каритас ба мардуми ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритус тақдим шуд

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва бахши СММ дар умури кӯдак (UNICEF) ба 153 беморхонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 24,7 тонна муҳимоти тиббӣ тақдим карданд. Дар изҳороти матбуотии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 11 июн гуфта шуд, ки ин кӯмакҳо дар чаҳорчӯби кӯмакҳои изтирории ИА ҳамчун вокуниши сареъ дар қиболи пандемияи COVID-19 ироа шудааст. Ин кӯмакҳо аз “таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, аз ҷумла ҳароратсанҷҳо, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва ниқобҳои навъи N95/FFP” иборат мебошанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки рӯйхати беморхонаҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ аз рӯи эҳтиёҷоти таъҷилӣ таҳия шуда, масъулияти тақдими ин мавод ба дӯши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон будааст.

Ин кӯмакҳо дар чаҳорчӯби 48 миллион евро кӯмаки изтирории ИА дар давраи пандемияи коронавирус ба Тоҷикистон тақдим шудааст.