Нашрияи “Ведомости” бо такя ба ду шахси наздик ба маъмурияти президенти Русия навишт, ки ба сокинони ин кишвар мӯҳтавои тағйироти конститутсионии кишварро худи Владимир Путин шарҳ хоҳад дод. Эҳтимолан президент бо фаъолони ҷамъиятӣ чанд ҷаласа барпо карда ба мардуми кишвар ҳам муроҷиат хоҳад кард. Феълан маълум нест, ки ин ҳама корҳо кай анҷом мешаванд. Як мақомдори маъмурияти президент гуфт, ки “худи президент беҳтар аз дигарҳо тағйироти қонунро шарҳ дода метавонад”. Бархе сиёсатшиносон мегӯянд, ки бо сабаби пандемия президент давоми 2,5 моҳ фаъолияти иҷтимоиашро маҳдуд кард ва ҳоло бояд ба таври фаврӣ аз паи шарҳ додани аҳамияти тағйироти конститутсионӣ шавад.
Муҳимтарин тағйироти конститутсионӣ бекор кардани мӯҳлати раёсатҷумҳурии Путин то имрӯз аст, ки ба ӯ имкон медиҳад дар интихоботи солҳои 2024 ва 2030 дубора ҷӯёи ин курсӣ шавад. Дар маҷмӯъ дар феҳристи тағйирот 206 ҳолат зикр шудааст. Натиҷаҳои назарсанҷии Маркази омӯзиши афкори умуми Русия, 67% сокинони Русия омода ҳастанд, ки барои ширкат дар овоздиҳӣ бираванд. Маркази Левада, ки омори монанд ба инро нашр кардааст, мегӯяд, 44% ба ҷонибдорӣ, 32% мухолифи тағйироти конститутсонӣ буда 24% гуфтаанд, ки ҳанӯз мавқеи онҳо мушаххас нашудааст.