Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 10 июн чанд тан аз фаъолон пушти дари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҷамъ омада ва раҳоии се фаъоли боздоштшударо талаб карданд.
Ҷамъомадагон дар даст аксҳои се фаъоли боздоштшударо доштанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар дар остонаи гирдиҳамоии 6 июн се фаъолро боздошт ва аз 10 то 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ карданд.
Афроде, ки пушти дари Иттиҳоди Аврупо ҷамъ шуданд, ибрози умедворӣ карданд, ки кишварҳои аврупоӣ талабҳои онҳоро хоҳанд шунид. Ҷамъомадагон ҳамчунин шиорҳои "Иттиҳоди Аврупо, бо мардуми Қазоқистон бош!" дар даст доштанд.
Аммо неруҳои вижаи пулиси Қазоқистон ширкатдорони гирдиҳамоиро боздошт ва ба идораи пулис бурданд.