Дар Туркманистон бемории илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст

Даромадгоҳи яке аз бемористонҳо дар Ишқобод.

Дар Туркманистон хуруҷи илтиҳоби шуш миёни сокинон мушоҳида мешавад. Як сокини шаҳри Ишқободи Туркманистон рӯзи 10 июн гуфт, беморхонаи касалиҳои уфунии шаҳр аз гирифторони илтиҳоби шуш пур шудааст.

Мақомоти он кишвар ҳамоно мегӯянд, дар Туркманистон коронавирус мавҷуд нест.

Кормандони Маркази пешгирӣ ва табобати бемориҳои уфунӣ гуфтанд, бархе аз беморон дар ҳолати ниҳоят вазнин ба беморхона оварда мешаванд, бархе аз онҳо мефавтанд.

"Ба бовари пизишкон, дигар ҳеч ҷои шубҳа нест, ки сокинон гирифтори коронавирус шудаанд. Аммо анҷоми ташхис ва гуфтугӯ дар бораи коронавирус мумкин нест", - гуфт сокини шаҳри Ишқобод.

Дар ҳоле, ки мақомоти Туркманистон аз набуди COVID-19 дар ин кишвар хабар медиҳанд, созмонҳои байналхалқӣ ва ҳукуматҳои кишварҳои дигар ба масъулиятшиносӣ ва пешниҳод кардани иттилои дақиқ оид ба вазъи вируси корона даъват мекунанд.