Як сокини 21-солаи шаҳри Андиҷони Узбекистонро рӯзи 7 июн дар таҳхонаи таваллудхона овехта дарёфтаанд. Ин зан рӯзи 2 июн нахустфарзандашро таваллуд карда буд.
Ба иттилои пешакӣ, зан худкушӣ кардааст. Табибон гуфтанд, баъд аз таваллуд дар рафторҳои зан ихтилоли равонӣ мушоҳида мешуд. Вай рӯзи 2 июн таваллуд карда ва фарзандаш солим ба дунё омадааст.
"Баъд аз таваллуд як рӯз дар шуъбаи эҳё боқӣ монд. Шоми 7 июн вай гуфт, ба дастшӯӣ меравад, баъди шустушӯ либосашро иваз карду хоб рафт. Бо гузашти чанде нопадид шуд. Субҳи 7 июн ҷасади дар банд овехтаашро дар таҳхона пайдо карданд", - гуфт як табиб аз таваллудхонаи вилоятии Андиҷони Узбекистон.
Ин табиб мегӯяд, сабабҳои худкушии зан барои онҳо норушан аст. Додситони вилояти Андиҷон дар пайи ин ҳодиса таҳқиқро шуруъ кардааст.