Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз нашри гузориш дар бораи рукуди иқтисод дар соли 2020 бо муовини президенти Бонки Ҷаҳонӣ роҳҳои камтар кардани таъсири COVID-19-ро ба иқтисоди кишвар баррасӣ кардааст. Хадамоти мабуоти президент гуфт, суҳбати онлайн 10-уми июн баргузор шуд.
Манбаъ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Анна Бйерде "вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, чораҳои табобат ва пешгирии бемории COVID-19-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд", вале ҷузъиёти мулоқотро ошкор накард.
Бонки Ҷаҳонӣ то кунун барои пешгирӣ аз бемории ҳамагир ва муқобила бо он ба Тоҷикистон беш аз 11 миллион доллар додааст.
Ин ниҳоди байнулмилалии молӣ рӯзи 8-уми июн гузориши "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон"-ро нашр кард ва дар он гуфт, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 рушд намекунад, балки баръакс коҳиш ёфта, дар сатҳи ду дарсади зери сифр қарор мегирад.
Ин рукуди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз замони имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 бесобиқа аст.
Вале бар асоси пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, иқтисоди Тоҷикистон имсол рушди 5-дарсадӣ хоҳад дошт. Қаблан вазорат мизони рушди иқтисоди кишварро дар соли 2020 ҳафтуним дарсад пешбинӣ карда буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад