Меҳрубон, қаҳрамони филми "Дар орзуи падар"-ро 15 сол зиндонӣ кардаанд

Акс аз як навори телевизиони "Синамо" гирифта шудааст

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳунарманди 25-солаи тоҷик Беҳрӯзи Саидро, ки бо иҷрои нақши Меҳрубон дар филми "Дар орзуи падар" машҳур шуд, 15 сол аз озодӣ маҳрум кард, вале бар асоси қонуни афв се соли онро кам намуд.

Пайвандони Беҳрӯзи Саид рӯзи 10-уми июн ба зангҳои телефонии мо посух надоданд, аммо як манбаъ дар додгоҳ гуфт, ҳукми ҳунарманди ҷавон 8-уми июн содир шуд. Ба қавли манбаъ, ӯро ба "тамаъҷӯӣ бо мақсади ба даст овардани миқдори махсусан калони молу мулк" (қисми чаҳори моддаи 250-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор донистаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, се сол аз ҳукми зиндони ӯ бар асоси қонун "Дар бораи афв" кам шуд.

Ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ дар Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ гуфт, Беҳрӯзро се моҳ пеш дастгир карданд. Ба нақли ӯ, "ҳунарманди ҷавон худро ёвари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз ду соҳибкоре, ки аз дӯсти ӯ қарздор буданд, талаби фавран бозпас додани беш аз 100 ҳазор долларро кардааст."

Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо аз манобеи дигар феълан имкон надорад ва маълум нест ҳунарманди ҷавон дар мурофиа ба ин иттиҳомот чӣ посух додааст. Саидҷон Қодирӣ, коргардони шинохта ва падари Беҳрӯзи Саид, ба зангҳои батакрори мо посух надод.

Як дӯсти ин хонавода, ки аз қазия огоҳӣ дорад, бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз соддагии Беҳрӯз суистифода кардаанд, дар асл ӯ гуноҳ надорад."

"Вай ҷавони ояндадор аст, шояд аз содагӣ ё бачагӣ телефонӣ чунин гуфта бошад, вале далел ин қадар ҷазои сангинро дарк карда наметавонам", - афзуд ӯ.

Беҳрӯзи Саид замоне ки 7 сол дошт, дар силсилафилми "Дар орзуи падар" нақш бозид. Ин филмро аз рӯйи асари нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоев сохтаанд ва он дар оғози солҳои 2000-ум аз филмҳои пуртамошобин дар Тоҷикистон буд.