Муовини пешини раиси дастгоҳи Қазоқистон аз зиндон озод шуд

Бағлон Майлибоев

Муовини пешини раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон Бағлон Майлибоев, ки соли 2017 дар доираи парвандаи "асрори давлатӣ" 5 сол зиндонӣ гашта буд, пеш аз муҳлат озод шуд. Ӯ рӯзи 30 майи соли равон озод ва хабараш ҳоло расонаӣ шуд.

Дар Департаменти низоми иҷрои ҷазо дар шаҳри Нурсултон хабар доданд, ки Майлибоев 30 май аз боздоштгоҳи муваққатии пойтахти Қазоқистон озод шудааст. Вай 1 солу чор моҳ ва 21 рӯз пеш аз ба поён расидани муҳлати ҷазояш ба озодӣ баромадааст.

Падари Бағлон Асаубой Майлибоев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатии писараш муътадил аст.

Бағлон Майлибоев 12 январи соли 2017 аз мақоми муовинии раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон барканор шуд. Чанд рӯз баъд Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки ӯро бо гумони "ҷамъоварӣ, паҳн ва ифшои ғайриқонунии асрори давлатӣ" боздошт кардааст.

Майлибоев аз соли 2011 дар дастгоҳи президенти Қазоқистон бахши идеологӣ ва масоили марбут ба сиёсати дохилиро пеш мебурд. Ӯро пушти дарҳои баста бо мусодираи молу мулк ва маҳрум шудан аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ барои абад зиндонӣ карданд.