Мушкили обу корези Душанбе. БОР пул медиҳад, ширкати олмонӣ месозад

Бонки Осиёии Рушд барои бозсозии системаи обу корези шаҳри Душанбе беш аз 41 миллион доллар додааст. Дар марҳилаи аввал системаи корези ба истилоҳ ҷанубии пойтахтро як ширкати олмонӣ бозсозӣ мекунад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, ширкатҳои ватанӣ ҳанӯз барои иҷрои чунин тарҳи бузург омода нестанд.

Дар баёнияи Бонки Осиёии Рушд гуфта шудааст, ки системаи корези 10-километрии ҷанубии шаҳри Душанбе солҳои 1970 бунёд шуда, феълан корношоям шудааст. Ба иттилои бонк, дар қисмати болоии ин система дар атрофи Фурудгоҳи Байнулмиллалии Душанбе оби корез ба канал ворид шуда, барои саломатии сокинони ин маҳалла хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки беш аз 350 ҳазор сокини Душанбе бо чунин хатар рӯбарӯ будаанд.

Татяна Евстифеева, сухангӯи намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорчӯби тарҳи имзошуда дар соли 2018, қарор аст, низоми корези пойтахти Тоҷикистон ба пуррагӣ бозсозӣ шавад.

"Ин тарҳи 41-миллиондолларӣ аст ва барои бозсозии системаи корез беш аз нӯҳ миллион доллар сарф мешавад. Аз миёни чанд ширкати хориҷӣ ширкати олмонии “Ludwig Pfeiffer Hoch-und Tiefbau GmbH & Co.KG” интихоб шуд, ки дар гузашта дар бозсозии системаи обрасонии Душанбе таҷруба дорад. Сирояти бемории COVID-19 монеъ шуд, ки мутахассисони ширкат вориди Тоҷикистон шаванд. Бо беҳтар шудани вазъияти беҳдоштӣ онҳо ба кор шурӯъ мекунанд", - афзуд Евстифеева.

Ба қавли ӯ, баъд аз бозсозӣ ин система метавонад боз 60 соли дигар фаъол бошад.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи сармоягузории ин тарҳ грантӣ ё бебозгашт аст. Аммо интихоби ширкати иҷрокунандаи тарҳ бар пояи 15 талаботи Бонки Осиёии Рушд сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Зувайдзода, аз миёни 15 талабот, таҷрибаи кофӣ дар ин арса ва дар ихтиёр доштани теъдоди кофии мутахассисон буд ва дар муқоиса бо ширкатҳои чинӣ ё тоҷикистонӣ, ширкати олмонӣ тавонист барандаи ин озмун шавад. "Ширкатҳои Тоҷикистонро зарур аст дар ин замина аз таҷрибаи бештар баҳравар шаванд, то тавонанд дар чунин озмунҳо ғолиб гарданд", - афзуд ӯ.

Зувайдзода эътироф кард, ки феълан низ дар заминаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе мушкилот вуҷуд дорад. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, ҳанӯз ба бархе аз сокинон об чанд соати маҳдуд дар шабонарӯз интиқол дода мешавад. Вай ҳамчунин хабар дод, ки қарор аст бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ маҳаллӣ гирдоварии оби корез аз маҳаллаи мавсум ба "Южний" ба минтақаи "Эсанбой" дар ғарби Душанбе кӯчонида шавад.

Аммо бархе аз соҳибназарон ба вуҷуди мавридҳои фасод дар иҷрои тарҳҳои бозсозии системаи обрасонӣ ва корез дар пойтахти Тоҷикистон ишора мекунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, то ҳол ба ин манзур созмонҳои байналмилалии молӣ ҳудуди 200 миллион доллар ихтисос додаанд, аммо мушкили низоми обрасонӣ ва корез ҳамчунин бо мушкилоте рӯбарӯ аст.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ, ҳоло 98 дарсади сокинони пойтахти Тоҷикистон ба манбаъҳои оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, вале танҳо 61 дарсади сокинони Душанбе ба ин манбаъҳо дастрасии бемаҳдуд доштаанд.

Тоҷикистон аз соли 1998 узвияти Бонки Осиёии Рушдро ба даст оварда, то ҳол аз ин муассисаи молии байналмиллалӣ 1,8 миллиард доллар қарз, аз ҷумла 1,5 миллиард грант гирифтааст.