Фиристодаи президент Доналд Трамп оид ба гуфтушунидҳои силоҳи ҳастаӣ гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар бораи вақт ва ҷойи музокирот дар бораи силоҳҳои ҳастаӣ дар ин моҳ ба созиш расиданд ва Чинро ҳам даъват карданд.
Фиристодаи вижаи Амрико оид ба назорати аслиҳа Маршал Биллингслеа рӯзи 8-уми июн дар Твиттер навишт, "имрӯз бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков дар бораи ҷой ва вақти гуфтушунидҳо оид ба яроқҳои атомӣ дар моҳи июн созиш карда шуд. Чин низ даъват гардид. Оё Чин бо ниятҳои нек гуфтугӯ мекунад?"
Созишномаи нави START, охирин паймони асосии назорати аслиҳа миёни Иёлоти Муттаҳида ва Русия, моҳи феврали соли 2021 ба поён мерасад. Аз рӯи ин созишнома шумораи кӯлоҳакҳои ҳастаӣ ва системаҳои ба ном расонанда, ки ҳарду кишвар доранд, кам карда мешаванд.
Дар ҳоле ки Маскав барои панҷ сол дароз кардани созишнома талош кардааст, Вашингтон розӣ нашуда ва гуфтааст, мехоҳад созишномаро бо ҳамроҳ кардани Чин густурда кунад.
Чин, ки захираи силоҳи ҳастаии он, ҷузъе аз андозаи Маскав ва Вашингтон аст, гуфтааст, алоқае ба ширкат дар чунин гуфтушунидҳо надорад.
Маъмурияти Трамп аз созишномаҳои асосии байналмилалӣ даст кашида, дар бораи эҳтимоли зиёд шудани мусобиқаи таслиҳотӣ ё истодагариҳои тасодуфии низомӣ ҳушдор медиҳад.