Оҷонсии нимарасмии ISNA гуфт, ки донишманди эронӣ Маҷид Тоҳирӣ рӯзи 8 июн баъди озод шуданаш аз як зиндони амрикоӣ дар доираи як табодули зиндониҳо ба ватан баргашт
Тоҳирии шаҳрванди Амрикову Эрон, ки ба муддати 16 моҳ дар ИМА дар боздошт буд, рӯзи 4 июн озод шуд. Дар ҳамин ҳол дар Эрон маллоҳи амрикоӣ Майкл Вайт, ки бо иттиҳоми таҳқири раҳбари олии Эрон Оятулло Хоманеӣ ва нашри иттилои хусусӣ дар интернет ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, инчунин озод гардид. ISNA навишт, ки муовини вазири хориҷаи Эрон Ҳусейн Ҷаббории Ансорӣ ба истиқболи Тоҳирӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ рафт. Тоҳирӣ, ки дар як беморхонаи Тампаи Флорида кор мекард, дуюмин эрониест, ки дар як ҳафтаи ахир ба ватан бармегардад. Сирус Асғарӣ рӯзи 3 июн ба Эрон баргашт.
Тоҳирӣ барои нақзи таҳримҳои амрикоӣ алайҳи Эрон гунаҳгор шуд ва рӯзи 4 июн додгоҳи федеролии Амрико ба ӯ иҷоза дод, ки озод шуда ба Эрон барои дидани оилааш биравад. Бар асоси асноди додгоҳ, ӯ дар нақзи гузоришдиҳии молӣ аз роҳи дар як бонк ҷой додани 277 ҳазор доллар гунаҳгор дониста шудааст. Рӯзи 8 июн Тоҳирӣ иттиҳомоти зидди худро ҳамчун “ноодилона ва дурӯғин” рад кард.