Дар Қатар музокироти сулҳи Афғонистон баррасӣ шуд

Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА дар Афғонистон

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод дар Қатар даври навбатии музокирот бо раҳбарияти сиёсии Толибонро барпо кард. Рӯзи 7 июн Мулло Абдулғанӣ Бародар, сухангӯи Толибон дар Твиттер навишт, ки Халилзод ва Бародар озодкунии зиндониҳо ва шурӯи музокироти миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибонро баррасӣ карданд. Рӯзи 29 феврали соли 2020 ИМА ва Толибон созишеро имзо карданд, ки барои хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон равона шудааст. Бар асоси ин созиш қарор аст нирӯҳои амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк карда Толибон ӯҳдадориҳои амниятӣ месупоранд ва ба Афғонистон бармегарданд. Бар асоси ин созиш инчунин қарор аст ҳукумат 5 ҳазор узви Толибон ва шӯришиён як ҳазор узви нирӯҳои давлатиро аз зиндон раҳо кунанд. Ин пешшарти шурӯи музокироти миёни ду ҷониби даргир мебошад.
Рӯзи 7 июн дар мулоқоти ҷудогонае дар Исломобод Халилзод бо раҳбари артиши Покистон генерал Қамар Ҷовид Баҷво дидору гуфтугӯ кард. Дар изҳороти сафорати ИМА дар Исломобод рӯзи 8 июн гуфта шуд, ки ҳарду ҷониб тадбирҳое дар пешорӯи оғози музокирот рӯидаст гирифтаанд.