Сохтмони хати метрои Тошканд - "Дӯстлик-Куйлюк" ба поён расид

Хати метрои Тошканд.

Марҳилаи аввали сохтмони хати метрои шаҳри Тошканд -- "Дӯстлик-Куйлюк" ба поён расид. Ба иттилои шаҳрдории пойтахти Узбекистон, дарозии масир 11 километр буда, дар он 7 истгоҳ бунёд шудааст.

Бар пояи иттилои расмӣ, суръати миёнаи қатора дар роҳи зеризаминӣ 60 километр дар як соатро ташкил медиҳад.

Истгоҳҳои бунёдшуда барои 5 вагон пешбинӣ шуда, ҳамаи онҳо дар шакли меъмории миллӣ ва бо гуногунӣ аз ҳамдигар сохта шудаанд.

"Ҳамаи истгоҳҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Барои мусофирон вагонҳои замонавӣ бо таҷҳизоти лозимӣ хидмат хоҳанд расонд",-омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Тошканд.

Пештар дар робита ба сифати хати мазкури метро баҳсҳои зиёде ба миён омада буд. Корхонаи "Роҳи оҳани Узбекистон" 3 феврал аз анҷоми бунёди 6 истгоҳи масири "Дӯстлик-Куйлюк" хабар дод.

Худи он рӯз рӯзноманигорон аксҳоеро дарёфт карданд, ки аз паст будани сифтаи сохтмони истгоҳҳо дарак медиҳанд.