Қабули довталабон ба донишгоҳҳои Қирғизистон имсол ба иллати ҳамагир шудани коронавирус тавассути низоми ягонаи тестӣ онлайнӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора муовини вазири маориф ва илми Қирғизистон Нурлан Омуров хабар дод.
"Вазорати маориф низомеро коркард кардааст. Пештар довталабон дар ба дари донишгоҳҳо мегаштанд. Имсол онҳо метавонанд ҳамаи корҳоро фосилавӣ анҷом диҳанд. Довталабон танҳо бояд дар платформаҳои Маркази санҷиши умумиҷумҳуриявӣ худро ба қайд гиранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи муовини вазир, имтиҳонҳо дар се марҳала, 21-22 июн, 24-25 июн ва 11-12 июл баргузор мешаванд. Дар саросари Қирғизистон 116 маркази тестсупорӣ ташкил шуда, кор дар онҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда мешавад.