Иттиҳоди Аврупо ба оилаҳои зарардида дар Хатлон пул ҷудо кард. ВИДЕО

Бархе аз сокинони осебдида дар ноҳияи Хуросон дар хаймаҳои муваққатӣ ба сар мебаранд

Иттиҳоди Аврупо ба 360 нафар дар Бохтару Хуросон, ки бар асари омадани сел зарар дидаанд, кумаки якдафъаинаи пулӣ ҷудо кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, ин дар маҷмуъ 72 оиларо дар бар мегирад ва ба ҳар кадом 150 франки Швейтсария, баробар ба якуним ҳазор сомонӣ, тақдим мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ин оилаҳоро мақомоти маҳаллӣ мушаххас мекунанд. Пулҳо тавассути Бонки миллӣ ва "Амонатбонк" ба дасти зарардидагон хоҳад расид.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5-уми июн эълон кард, ки ба сокинони осебдида аз сел дар ҷануби Тоҷикистон кумакҳои башарӣ кардааст. Ёриҳо ба маблағи 80 ҳазор евро ба 1700 нафар дар Бохтару Хуросони вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Дар рӯзҳои 14-15-уми май боронҳои пайдарпай боис ба омадани сел дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Хуросон шуд.