Дар натиҷаи таркиши мина дар Бадахшони Афғонистон як фармондеҳ ва ду сарбоз кушта шудааст.
Саноулло Рӯҳонӣ, сухангӯи пулиси Бадахшон рӯзи 6-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш соати яки шаб рӯх додааст.
“Мутаасифона қумондон Мазорӣ, ки як фармондеҳи маҳалӣ дар Хоши Бадахшон буданд, ҳангоми сафар ба минтақаи дигар барои кӯмак ба ҳамкоронаш ба минаи сари роҳ бармехӯранд”,-гуфт ӯ.
Дар минтақаи Хош нерӯҳои ҳукумати бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон даргир ҳастанд.
Сухангӯи пулиси Бадахшон гуфт, ки дар задухурди охирин Мавлавӣ Ҳамидуллоҳ, раиси номниҳодаи ин гурӯҳ дар Хош бо ду муҳофизаш кушта шудааст.
Гурӯҳи Толибон то ҳанӯз дар ин бора назар надодаанд.