Вазорати адлияи Русия ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар замони пандемияи коронавирусро дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Маскав қонунӣ донист.
Михаил Мишустин, сарвазири Русия аз Вазорати адлия хоста буд, ки ба ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо баҳои қонунӣ диҳанд.
Вазорати адлияи Русия гуфтааст, ки тадбирҳо дар пасманзари таҳдиди хатари сирояти коронавирус дар Русия ба меъёрҳои конститутсионӣ ҷавобгӯ буд.
Дар изҳороти ин вазорат гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо ба хотири ҳифзи саломатии сокинон пешбинӣ шуда, манзур дахолат ба зиндагии шахсии онҳо набуд.
Дар моҳи март ҳукумати Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳн шудани коронавирус як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ кард. Аз ҷумла, сокинонро маҷбур ба хонашинӣ кард ва дар Маскав бе иҷозати махсус равуоро маҳдуд намуд. Ҳоло маҳдудиятҳо пайи ҳам бекор мешаванд.
Дар охири моҳи апрел додгоҳи Маскав 6 аризаи даъвоӣ бар зиддӣ шаҳрдори Маскавро рад кард. Аризадиҳандагон даъво доштанд, ки шаҳрдори Маскав бо ҷорӣ кардани маҳдудяитҳо ҳақи онҳоро поймол карда, ба зиндагии хусусиашон дахолат кардааст ва бояд ба онҳо ҷуброн пардозанд.