Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов 4 июн дар нишасти хабарии онлайнӣ аз сокинони ин кишвар даъват кард, ки дар давраи ҳамагир шудани коронавирус дар эътирозҳои оммавӣ иштирок накунанд.
Елжан Биртанов гуфт, дар ин вазъ баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст, зеро таҷаммуи одамон ба паҳн шудани вирус мусоидат мекунад.
"Бояд талаботи қонунгузориро риоя кард ва гуш додан ба суханҳои сардухтури беҳдоштӣ дар давраи паҳн шудани коронавирус дар Қазоқистон ҳатмӣ аст. Барои нақзи талабот ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Аз созмондиҳандагон хоҳиш мекунам, ки чунин чорабиниҳоро ба вақти дигар гузоранд", - афзуд ӯ.
Ду гуруҳи мухолиф - ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов ва гуруҳи ташаббускор барои таъсиси Ҳизби демократии нав дар Қазоқистон бо раҳбарии рӯзноманигору фаъоли маданӣ Жанболат Мамай аз сокинон даъват карданд, ки 6 июн ба нишони эътироз ба кӯча бароянд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ пештар нигаронӣ карданд, ки мақомоти қазоқ аз карантин сӯистифода карда, ҳуқуқу озодиҳои сокинонро маҳдуд ва фишор ба фаъолонро бештар мекунанд.