Трамп хостори даъвати Путин ба ҷаласаи G7 шуд

Соли 2014 баъди ғасби нимҷазираи Қрими Украина аъзои G8 Русияро аз ҳайат берун карданд ва ин созмон ба Гурӯҳи Ҳафтгонаи кишварҳои пешрафта табдил шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки барои даъвати раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгона (G7) “ақли солим” вуҷуд дорад. Зимни сӯҳбаташ бо радиои Фокс Нюс рӯзи 3 июн, Трамп гуфт, ки кишварҳои санъатии (G7) бо вуҷуди мавқеи Путин дар саҳнаи байналмилалӣ ва азхудкунии нимҷазираи Қрими Украина бояд бо Русия дар муколама бошанд. Трамп гуфт: “Масъала дар он нест, ки ӯ чӣ кор кард. Ин ҷо гап дар бораи ақли солим меравад”. Ӯ гуфт: “Масъала ин аст, ки гапи бисёри мо дар бораи Путин аст. Мо ҳамин тавр мешинему вақтро беҳуда сарф мекунем ва шумо бояд мулоқотро тамом карда як кас бояд ба Путин занг занад ваё дар масъалаҳои мухталифи дигар бо ӯ муомила кунад. Ман мегӯям, ки ӯ дар ҳамин утоқ омада нишинад”.
Трамп рӯзи 30 май гуфт, ки ҷаласаи гурӯҳи ҳафтгонаро бо сабаби пандемияи коронавирус аз моҳи июн ба сентябр ба таъхир мегузорад ва инчунин дар фикри тавсеаи ҳайати ин гурӯҳ бо шумули Австралия, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинд мебошад. Трамп G7-ро як созмони иборат аз “кишварҳои хеле кӯҳнашуда” номид, ки ба гуфтааш, тавони вокуниши дуруст ба таҳаввулоти ҷаҳонро надоранд. Ба узвияти G7 ИМА, Канада, Олмон,Ҷопон, Фаронса, Бритониё ва Итолиё шомил мешаванд. Русия соли 2014 аз узвияти он замон гурӯҳи бо номи G8 берун карда шуд. Тасмими мазкур дар паи он гирифта шуд, ки Русия ба таври ғайриқонунӣ ба хоки Украина ворид шуда нимҷазираи Қримро ғасб кард. То ҳол дигар аъзои G7 ба даъвати Трамп оиди баргардонидани Русия хеле вокуниши сард нишон додаанд.